КИМ-и Гурҷистон эълон кард, ки Михаил Саакашвилӣ бо касби тақрибан 53 дар сади раъйҳо дар даври аввал раисҷумҳур интихоб шуд.
Ин эълон аз забони Леван Тархнишвилӣ, раиси Кумиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон дар нишасти матбуотие садо дод. Бино ба ҳарфи ӯ, КИМ аз натоиҷи интихобот дар куллияи ҳавзаҳо огоҳ аст, ба истиснои чанд ҳавзае дар манотиқи дурдаст, ки ба натиҷаи ниҳоӣ таъсире намерасонидаанд.
Номзади асосии мухолифин Леван Гачечиладзе тақрибан 27 % раъй гирифтааст. Раиси КИМ-и Гурҷистон гуфт, номзадҳои дигар, аз ҷумла, миллиардер Патаркасишвилӣ камтар аз 7 % раъй гирифтаанд.
Ва аммо Леван Гачечиладзе изҳор дошт, ки дар натоиҷи интихобот тақаллуб ҷой дошт.
Нозирони САҲА интихоботро мувофиқ ба аксари меъёрҳои байнулмилалӣ донистаанд. САҲА гуфтааст, ҳамчунин, бархе аз камбудиҳо низ ҷой доштаанд.
Муфассалтар дар ин мавзӯъ