Нозирони байнулмилалии интихоботи президентии Гурҷистон мегӯянд, ки сарфи назар аз баъзе камбудиҳо маъракаи интихоби раисҷумҳури ин кишвар бар пояи меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифт ва пайомади он бояд ба ҳайси натиҷаи шаръӣ эътироф шавад.
Раиси ҳайъати нозирони САҲА (Созмони амният ва ҳамкории Аврупо) Алсӣ Ҳастингс дар пойтахти Гурҷистон иброз дошт, ки ҳамаи номзадҳо имкон доштанд маъракаи пешазинтихоботӣ доир намоянд ва раъйдиҳӣ озод буд. Матиас Еорсӣ, раиси гурӯҳи нозирони Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо, низ аз гурҷистониҳо даъват кард, ки шаръияти раъйдиҳиро эътироф кунанд: «Ман мехоҳам аз ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ даъват кунам, то баҳри ҳифзи назму суботи Гурҷистон машруъияти интихоботро эътироф кунанд ва ба хотири тавсиъаи эътимоди мардуми Гурҷистон ба раванди интихобот кумак расонанд».
Дар ҳамин ҳол нисфирӯзии имрӯз мухолифини ҳукумати Гурҷистон дар маркази пойтахти ин кишвар ҷамъ шуданд. Онҳо мегӯянд, ки бар зидди таҳрифи натиҷаҳои интихоботи президентӣ эътироз доранд. Ҳисоби пешакии ғайрирасмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки президенти кунунии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ пешсаф аст.
Дар ҳамин ҳол интихоботи президентии Гурҷистонро шореҳон имтиҳони демократия унвон додаанд, зеро дар моҳи ноябр мақомот раҳпаймоии мухолифини гурҷиро бо истифода аз нерӯ пароканда намуда, дар ин кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ карда буданд.
Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон баъди ҳисоби 10% раъйҳо эълон намуд, ки Саакашвилӣ 59% ва рақиби асосии ӯ Леван Гачечиладзе 22%-и ороъро касб кардаанд ва ин рақам дар давоми рӯз тағйир хоҳад ёфт. Вале барои Саакашвилӣ эҳтимол муҳим ин бошад, ки ӯ дар даври аввал бо беш аз 50% раъйҳо пирӯз шавад, зеро дар ин ҳол ба баргузории даври ниҳоии интихобот эҳтиёҷе нахоҳад монд. Хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд, нисфирӯзӣ бо даъвати Гачечиладзе садҳо тарафдори мухолифин дар майдони Рикеи Тбилисӣ ҷамъ шуданд. Ӯ иддао дорад, ки нозирони мухолифи ҳукумат хилофкориҳои зиёдеро ба қайд гирифтаанд: «Саакашвилӣ таҷлили пирӯзиашро оғоз намудааст, то мардум фиреб кунад».Аммо мақомоти гурҷӣ ҷой доштани тақаллуб дар интихоботро рад мекунанд.
Саакашвилӣ шоми шанбе бо итминон гуфт, ки ӯ ғалаба ба даст оварда, барои як даври дигар ҳаққи раёсатҷумҳурии Гурҷистонро касб намудааст: Ман мехоҳам бо ҳама нерӯҳои ватандӯст – ҳам бо онҳое, ки бо мо мувофиқанд, ва ҳам бо онҳое, ки бо мо мувофиқ нестанд, ҳам бо онҳое, ки ба тарафдорӣ аз мо овоз додаанд ва ҳам бо онҳое, ки бар зидди мо овоз додаанд, – баҳри ваҳдати Гурҷистон ҳамкорӣ кунам. Зеро мо як ватан ва як ҳадаф дорем. Ин пирӯзӣ пирӯзии ҳамаи мо хоҳад буд». Тарафдорони Сааакашвилӣ пирӯзии ӯро бо барафроштани парчамҳои миллӣ изҳори хушнудӣ карданд.Дар интихоботи рӯзи 5-уми январ беш аз 60% раъйдиҳандагони Гурҷистон ширкат варзиданд.
Раиси КМИР-и Гурҷистон Леван Тархнишвилӣ изҳор намуд, ки барфи зиёд дар манотиқи кӯҳӣ имкон намедиҳад, ки ҳисоби варақаҳои раъйдиҳӣ босуръат гузарад. Ёвари муовини котиби давлатии ИМА Метю Бриза аз ҷонибҳо даъват кард, ки оромиро ҳифз намоянд. Овоздиҳии рӯзи шанберо бисёриҳо назархоҳӣ дар мавриди меъёрҳои демократии ҳукумати зери раҳбарии Саакашвилӣ меноманд. Саакашвилӣ соли 2004-ум дар пайи инқилоби садбаргӣ президенти Гурҷистон интихоб шуд. Вале дар моҳи ноябри соли 2007-ум баъди таъқиби гирдиҳамоии мухолифин ва эълони вазъи фавқулода ӯ амр дод, ки дар Гурҷистон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ доир гардад. Дар даври аввали президентии худ Саакашвилӣ саъй намуд, равобити Гурҷистон бо паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро таҳким бахшад. Аммо мухолифин ӯро бо нодидагирии мушкилиҳои иҷтимоии мардум муттаҳам мекарданд.