Нозод Ҳодӣ - волии вилояти Арбил, воқеъ дар шимоли Ироқ гуфт, ки бо вуҷуди коҳиши хушунат дар Бағдод ва атрофи он теъдоди бузурги мардум талош доранд то дар шимоли кишвар панаҳ баранд. Хабаргузории ДПА бо қавл аз Ҳодӣ гуфтааст, ки теъдоди хонаводаҳои паноҳанда дар ин вилоят то 16 ҳазор афзоиш ёфтааст. Аксари паноҳандаҳо, ба гуфтаи ӯ, курдҳои муқими Бағдод, Мосул ва вилояти Анборанд. Миёни онҳо насрониҳо ва сунниҳо низ зиёданд.