Майк Ҳакебӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва Барак Обама аз Ҳизби демократ дар сабқатҳои дохилиҳизбии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар аёлати Айова баранда шуданд.
Баъд аз Айова ҳамин гуна сабқати ҳизбӣ дар аёлати Ню Ҳампшир доир хоҳад шуд. Аз ҳар ҳизб ду номзаде, ки раъйи бештарини ҳамҳизбиёни худро ба даст меоранд, дар анҷумани умумии ҳизбҳо бо ҳам сабқат хоҳанд кард ва номзади ягонаи ҳизбӣ маҳз дар анҷумани умумӣ муайян мешавад. Коршиносон анҷуманҳои ҳизбӣ дар аёлати Айоваро “қадами аввал” сӯи Кохи Сафед арзёбӣ мекунанд.