Бадрӣ аз раъйи хеш баргаштааст

Миллиардери гурҷӣ Бадрӣ Патаркатсишвилӣ аз раъйи худ баргашта ва гуфтааст, ки дар интихоботи раиси ҷумҳури ин кишвар дар рӯзи шанбеи оянда ширкат хоҳад кард. Бадрӣ Патаркатсишвилӣ, ки пештар гуфта буд, дар интихобот ширкат намекунад, имрӯз эълом кард, ки “барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳур” муборизаашро идома хоҳад дод. Дар Гурҷистон пас аз бархӯрди хушунатомези маъмурони пулис ва тарафдоррони ҳизбҳои мухолиф дар моҳи ноябри соли гузашта интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ эълон шуд. Ҳангоми корзори интихоботӣ, мақомоти Гурҷистон Бадрӣ Патаркатсишвилиро ба талош барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам карданд, аммо ӯ гуфт, ки мақомот мехоҳанд ӯро аз байн бубаранд. Ин тоҷири сарватманди гурҷӣ дар хориҷа зиндагӣ мекунад.