Попи Рум Бенедикти 16 хостори ташкили мулоқоти католикҳо ва мусалмонҳо дар Рум шуд. Ба навиштаи нашрияи “Оссерваторе романо”, чопи Вотикан, Бенедикти 16 дар ин бора баъд аз интишори номаи 138 уламои олами ислом унвонии ӯ ва дигар раҳбарони дини масеҳӣ тасмим гирифт. Дар он нома уламои ислом ба шурӯъи гуфтушуниди тамаддуну адён даъват карда буданд.