Сарнавишти интихобот дар Покистон эълон хоҳад шуд

Дар Покистон имрӯз санаи интихоботи порлумонӣ эълон мешавад. Комиссиюни марказии интихобот дар бораи баргузорӣ ваё мавқуф гузоштани ин маърака бояд тасмим бигирад. Интихоботи порлумонии Покистон рӯзи 8 январ ба нақша гирифта шудааст ва аммо бенизомиҳо баъд аз куштори сарвазири собиқи кишвар Беназир Бҳутто баргузории онро зери суол бурданд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, мақомот интихоботро ҳадди аққал барои як моҳ мавқуф гузоштаниянд ва аммо аҳзоби мухолиф, аз ҷумла, Ҳизби мардумӣ, ки сарварияшро хонум Беназир Бҳутто бар ӯҳда дошт, хостори сари вақт доир гаштани ин маърака шудаанд.