Фаронса равобиташ бо Сурияро қатъ кард

Фаронса эълом дошт, ки ҳама равобиташ бо Сурияро қатъ мекунад. Ба гуфтаи Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ин равобит фақат замоне дубора ба роҳ монда хоҳад шуд, ки Сурия ба ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Лубнон мусоидат намояд ва, аз ҷумла, дар роҳи интихоби раиси ҷумҳури Лубнон монеъа эҷод накунад.

Интихоби раиси ҷумҳури Лубнон аз сабаби ихтилофи назари ду ҷиноҳ – эътилофи ҳукмрони пуштибон аз Ғарб ва мухолифини онҳо, ки аз сӯи Димишқ пуштибонӣ меёбанд, 11 бор ба таъхир уфтодааст.