Ҳалокати ҷонпоси музокиракунандаи фаластинӣ

Аз тири нирӯҳои Исроил имрӯз як ҷонпоси музокиракунандаи аршади раҳбари маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос кушта шуд. Моҷаро дар Каронаи Бохтарии руди Урдун ҳангоми бозгашти Аббос ва музокиркунандаи ӯ Аҳмад Қурайъ аз гуфтушунид бо сарвазири исроил Эҳуд Олмурт дар Байтулмуқаддас ё Йершалаим ба амал омад. Сухангӯи артиши Исроил гуфт, муҳофизи фаластинӣ аъмоли хасмона нишон медод ва ба тарафи нирӯҳои исроилӣ, ки мехостанд ӯро боздошт кунанд, оташ кушод. Мақомоти амниятии фаластинӣ ин иддаъоро рад мекунанд.