Дар Қирғизистон ташкили ҳукумати нав поён ёфт. Ба он аксар вазирони кобинаи пешин шомиланд ва фақат вазирони молия, ҳифзи сиҳат, кишоварзӣ ва саноат табдил шудаанду халос. Қурмонбек Боқиев – раисиҷумҳури Қирғизистон имрӯз дар бораи таъини аъзои нави ҳукумат амрҳо содир кард.
Ёдовар мешавам, се рӯз пеш Игор Чудинов сарвазири Қирғизистон таъин шуд. Номзадии Чудиновро ҳизби “Оқ Жол” – ҳизби пирӯз дар интихоботи порлумонии рӯзи 16 декабр пешбарӣ карда буд.