Афғонистон ду дипломатро ронд

Қарор аст, имрӯз 27 декабр ду дипломати Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо бо талаби ҳукумати Афғонистон қаламрави ин кишварро тарк кунанд. Ҳукумати Афғонистон ба рағми пофишориҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Аврупо шаҳрвандони Бритониё ва Ирландия Майкл Семпл ва Марвин Петтерсонро ронд. Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон ин ду нафар бо мулоқот бо намояндагони Толибон барои амнияти Афғонистон хатар эҷод кардаанд. Созмони Милал мулоқоти дипломатҳо бо Толибонро рад карда гуфтааст, ин ҳеҷ заминае барои ихроҷи ин дипломатҳо вуҷуд надорад.