Назар ба гузоришҳои расида имрӯз бар асари таркиши ҳавопаймои тиҷории олмонӣ дар фурӯдгоҳи Алмаато ягона мусофири ҳавопаймо ба ҳалокат расида, се узви экипажи он ҷароҳат бардоштанд. Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон иброз доштааст, ки ҳаёти ду пилоти олмонии ҳавопаймо ва меҳмондор, ки аслан хонуми хонум турк мебошад, дар хатар нест. Ба иттилои ҳамин манбаъ ҳавопаймо озими Ҳонгконг будааст.