40 муҳоҷири яҳудӣ азЭрон ба Исроил кӯчиданд. Ин бузургтарин муҳоҷирати яҳудиён аз Ҷумҳурии исломӣ дар солҳои ахир мебошад. Тафсилоти сафари муҳоҷирон аз Эрон ба Исроил ошкор нашудааст, зеро тибқи қонунҳои амниятии Исроил ошкор намудани шароити муҳоҷират манъ мебошад. Сарфи назар аз душмании тақрибан 30-солаи Эрону Исроил давлати яҳудӣ даҳҳо ҳазор муҳоҷири эрониро қабул кардааст.