Бар асари ду бомбгузории интиҳорӣ дар Ироқ 33 нафар кушта шуданд. Як мошини боркаши бомбгузоришуда рӯзи сешанбе дар як маҳалли маскунии шаҳри Бойиҷӣ воқеъ дар шимоли шаҳри Бағдод таркида ва ҳадди аққал 23 нафар сокинони он маҳалро кушт ва 77 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Артиши Амрико гуфт, дар ҳамин рӯз ҳангоми маросими ҷанозае дар вилояти Диёло як маргталаб бо инфиҷори бомби бо худ доштааш 10 нафарро ҳалок ва панҷ нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ин маросими ҷанозаи падару писаре будааст, ки ҳамчун маъмури амниятии ихтиёрӣ бо нерӯҳои Амрико кор мекардаанд.