Паёмади ҳамла болои пойгоҳҳои ошубгарони курд

Ба иттилоъи артиши Туркия, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии кишвар ба шимоли Ироқ 175 тан аз ошубгарони курд кушта шуданд. Ин ҳамла рӯзи 16 декабр сурат гирифта буд. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки ҳамла болои пойгоҳҳои Ҳизби Коргарони Курдистон бо ризоят ва ҳамдасти хадамоти кашфи и Иёлоти Муттаҳида сурат гирифтааст. Ва аммо раҳбарони Ҳизби коргарони Курдистон хабари низомиёни туркро рад карда гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ягон тан аз аъзои ҳизб кушта нашудааст.