Пизишкони бемористоне дар шаҳри Тан-Ҳоаи Ветнам, воқеъ дар 160 километрии Ҳаной-пойтахти ин кишвар дар як амалиёти муваффақиятомез тиреро аз шуши як мард берун кашиданд. Ин тири дунимсантиметра сӣ сол дар шуши ин мард буд. Вай соли 1978 дар ҷанг бар зидди Камбоҷаи ҳамсоя ба шушаш тир хурда буд ва зинда монд. Ба гуфтаи табибон, саломати муштарии онҳо хуб аст.