Сафари сарвазири Итолиё ба Кобул ва Ҳирот

Ба дунболи президенти Фаронса ва сарвазири Австралиё, имрӯз сарвазири Итолиё бидуни эълони пешакӣ ба Афғонистон сафар кард. Романо Продӣ дар Кобул бо раиси ҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай мулоқот кард ва аз ҳоли сарбозони итолиёӣ хабар гирифт. Аксари 2000 сарбози Итолиё дар Ҳирот, ғарби Афғонистон мустақар аст. Қабл аз Продӣ, президенти Фаронса, Николас Саркозӣ ва сарвазири Австралиё, Кевин Радд, ба мақомоти Кобул ваъда доданд, ки ҳузури ҳарбии худро дар Афғонистон густариш ва кумаки молиро ба ин кишвар афзоиш хоҳанд дод.