Чораҳои шадиди амниятӣ дар Брюссел

Дар Брюссел ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии террористӣ аз сӯи ифротгароҳои исломӣ чораҳои шадиди амниятӣ андешида шуданд. Дар як нишасти хабарии вижа намояндаи вазорати умури дохилаи Белгия изҳор кард, ки дар фурудгоҳ, истгоҳҳои метро ва дар биноҳои ҳукумативу ниҳодҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, ситоди марказии НАТО ва бархе аз идораҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин дар бозорҳои солинавӣ назорати шадид ба роҳ монда шудааст. Нишасти хабарӣ бо ибтикори Додситонии кулл ва Маркази миллии бӯҳронҳо созмон дода шуд.

Имрӯз бар асари як амалиёти полис дар Брюссел 14 ифротгарои исломӣ боздошт шуданд ва мақомоти Белгия ҳарос доранд, ки гурӯҳҳои исломӣ дар вокуниш ҳамлаи террористӣ доир мекунанд.