Ҳомиди Карзай ба Покистон меравад

Вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳафтаи оянда ба Покистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод. Сухангӯи вазорати мазкур Муҳаммад Содиқ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ҳангоми сафари Ҳомиди Карзай дар рӯзҳои 26 ва 27-уми декабр вай бо раиси ҷумҳурии Покистон Парвиз Мушарраф ва дигар мақомоти олирутбаи ин кишвар дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Равобити Афғонистон ва Покистон дар чанд соли гузашта ба сардӣ гароид, чун мақомоти Кобул мегӯянд, ки Покистон барои маҳви ҷангҷӯёни Толиб дар манотиқи марзиаш талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.