Интиқоди шадиди ҳомии ҳуқуқ аз Ислом Каримов

Фаъоли ҳуқуқи инсони Ӯзбакистон Аҳтам Шоҳимардонов раиси ҷумҳури ин кишвар Ислом Каримовро барои талошаш ҷиҳати интихоби дигарбора ба мақоми раиси ҷумҳур танқид кардааст. Вай гуфтааст, ки идомаи ҳукмронии дигарбораи Ислом Каримов дар Ӯзбакистон метавонад сабаби ноаманиҳо дар ин кишвар шавад. Ислом Каримовро кишварҳои ғарбӣ барои саркӯбии дигарандешон ва нақзи ҳуқуқи оддии мардуми ин кишвар танқид мекунанд. Вай, ки аз соли 1989 то кунун Ӯзбакистонро бо мушти оҳанин идора кардааст, зоҳиран баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 23 декабр ҳафт соли дигар дар Узбакистон ҳукуматдорӣ хоҳад кард. Ислом Каримов интиқодоти кишварҳои ғарбиро рад карда ва қавл додааст, ки интихоботи шаффофу одилона баргузор мекунад.