Суғд cоли навро бе газ пешвоз мегирад?

Масъулини «Тоҷикгаз» дар вилояти Суғд мегӯянд, ки дар бораи интиқоли бистучаҳорсоатаи гази табииӣ ба манзилҳои зисти одамон дар рӯзҳои ҷашни солинавӣ ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, зеро миёни Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди нарх ва интиқоли газ мувофиқа ҳосил нашудааст.

Абулфайз Хушдилов, намояндаи корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» дар вилояти Суғд, яке аз ширкаткунандаҳои гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди нархи газ гуфт, то ба ҳол гуфтушуниди ҷонибҳо натиҷае ба бор наовардааст. Ба гуфтаи вай, Узбакистон дар пайи боло рафтани арзиши газ дар бозори ҷаҳонӣ мехоҳад сар аз соли нав гази худро ба кишварҳои харидор, аз ҷумла Тоҷикистон ба нархи баландтар ба фурӯш гузорад, аммо кишварҳои харидор барои аз ҳадди қобили қабул боло нарафтани нархи гази табиӣ пофишорӣ доранд.

Вай афзуд, маълум, ки нархи газ қимат мешавад, аммо ин ба мавқеи як худи Тоҷикистон вобаста нест. Ин ба мавқеи Қирғизистон, Қазоқистон ва Россия низ вобаста аст. Аммо мо хоҳиш кардем, ки нархи газро ба мо мисли Русия нагузоред, арзонтар кунед, зеро ба Русия ба тариқи транзит интиқол меёбад, мо ҳамсоя ҳастем, ин гуна мушкили интиқол миёни мо нест.

Аз рӯи созишномаи соли гузашта Узбакистон ҳар ҳазор метри мукааб гази табии худро ба Тоҷикистон дар соли 2007 бар ивази 100 доллар мефурӯшад. Аммо ҳамакунун ба гуфтаи оқои Хушдилов, Тошканд як ҳазор метри мукааб гази худро болотар аз 150 доллари ИМ нархгузорӣ кардааст, аммо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари харидор поин бурдани онро тақозо доранд.

Аммо ба гуфтаи вай, ҷонибҳо сари ин, ки Тоҷикистон дар соли ояндаи 2008 тибқи мувофиқа аз Узбакистон 950 миллиард метри мукааб гази табиӣ харидорӣ хоҳад кард, ба созиш расидаанд. Оқои Хушдилов дар мавриди ин ки «Узтрансгаз» барои «Тоҷикгаз» муҳлати бастани шартномаро то рӯзи 24 декабр таъин кардааст, гуфт, Душанбе дар навбати худ ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод карда, аммо акнун тасмими ниҳоӣ ва таъини нархи газ ба дасти Тошканд аст.