1 миллиарду 180 миллиони мардикорон дар 10 моҳ

Тибқи иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, аз январ то октябри соли равон муҳоҷирони кории тоҷик аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил тавассути системҳои интиқоли пул ба Тоҷикистон 1 миллиарду 180 миллион доллар фиристодаанд. Гуфта мешавад, ин маблағ назар ба соли гузашта 46 дарсад бештар аст. Муҳоҷирони корӣ барои фиристодани пул ба ватан бештар аз чунин системҳои интиқолӣ, чун Western Union, Anelik, Orien Line, «Быстрая почта» ва Migom, истифода мекунанд. Аксарияти маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон ворид шудааст.