Мудҳиштарин сол барои хабарнигорон

Имсол дар кишварҳои гуногуни олам 64 хабарнигор ҳангоми ифои вазифа кушта шуданд. Дар гузориши солонаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню Йорк, соли 2007-ум – “мудҳиштарин дар даҳ соли ахир барои кормандони расонаҳои хабарӣ” арзёбӣ шудааст. Ба иттилоъи Кумита, панҷ соли ахир Ироқ пурхатартарин кишвар барои хабарнигорон боқӣ мемонад. Соли гузашта дар ин ҷо 31 корманди расонаҳои хабарии маҳалливу хориҷӣ, аз ҷумла, ду хабарнигори Родиёи Озодӣ ба ҳалокат расиданд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гузориш додааст, ки соли 2007 дар Сомалӣ, Шри Ланка ва Покистон низ аз 5 то 7 нафарӣ хабарнигорон ҳангоми ифои вазифа ҷон бохтаанд.