Нерӯҳои давлатии Афғонистон ва қувваҳои ба раҳбарии НАТО дар ин кишвар эълом карданд, ки дар набарде дар вилояти Қандаҳор 20 ҷангҷӯи Толибро кушта ва нӯҳ тани дигари онҳоро маҷрӯҳ карданд. Раҳбари идораи пулиси Қандаҳор Сайидоғо Соҳиб рӯзи душанбе гуфт, ки ин набард чаҳор рӯз дар ноҳияи Ҷирай идома кардааст. Дар дигар минтақаи Афғонистон дар вилояти Урузгон рӯзи якшанбе бар асари инфиҷори як минаи аз дур идорашаванда, се кудак ва волидони онҳо ба ҳалокат расидаанд.