Крис Де Бург дар Теҳрон консерт медиҳад

Овозхони ирландӣ Крис Де Бург, ки бо таронаи The Lady In Red ("Духтаре бо куртаи сурх") маъруф шудааст, тобистони соли оянда дар Теҳрон дар ҳамдастӣ бо як гурӯҳи роки эронӣ бо исми "Ориён" консерте баргузор мекунад. Дар ин бора мудири ин гурӯҳ ба хабаргузории Франс Пресс хабар дод. Ин барои нахустин бор аст, ки баъди инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 дар пойтахти ин кишвар консерти як овозхони ғарбӣ ҳамроҳ бо гурӯҳи маҳаллии рок ташкил мешавад. Мӯҳсини Раҷабпур, мудири гурӯҳи мусиқии "Ориён" гуфт, ки тибқи нақша оқои Де Бург қарор аст қабл аз ҷашнҳои Наврӯз барои ошнойӣ бо макони фарҳангиву таърихии Ҷумҳурии Эрон вориди ин кишвар шавад. Ва баъдан, моҳҳои июн то август вай дубора барои баргузории консертҳои ҳунариаш ба Эрон меравад. Ҳарчанд то ҳанӯз сафҳаи интернетии Де Бург ин хабарро тасдиқ накардааст, аммо дар як огаҳие мегӯяд, ки ҳамроҳ бо гурӯҳи мусиқии "Ориён" оҳангеро бо исми "Ҳарфҳои дӯстат медорам"-ро ба забонҳои англисиву форсӣ иҷро ва сабт кардааст. Ин як таҷрибаи бесобиқаи ҳамкории овозхонҳои ғарбиву эронӣ мебошад, гуфта шудааст дар ин сафҳа. Солҳои охир дар Эрон мақомот ба фаъолияти гурӯҳҳои поп нармиш нишон медиҳанд ва ба онҳо баъди дарёфти муҷаввизи фаъолияти Вазорати фарҳанги ин кишвар иҷоза медиҳанд, ки ба таври аланӣ дар толорҳои консертӣ ҳунарнамойӣ кунанд. Нахустин консерти ҳунарии гурӯҳи "Ориён" соли 1999 баргузор шудааст. Дар ҳайати ин гурӯҳ, барои нахустин бор дар таърихи навини Эрон, чанд ҳунарманди зан ҳам шомиланд, ки асбобҳои мусиқӣ менавозанду бо овозхонҳои асосӣ ҳамовозӣ мекунанд, аммо ба танҳоӣ ҳанӯз ҳунарнамоӣ карда наметавонанд.