Имрӯз низомиёни бритониёӣ назоратро бар вазъи амниятии минтақаи Басраи воқеъ дар ҷануби Ироқ ба дасти нирӯҳои ҳукуматии ин кишвар вогузор карданд. Маросиме дар Басра бо қироати порае аз Қуръон шурӯъ шуда баъдан бо суханронии мушовири амнияти миллии Ироқ Муваффақ Ар-Рубойӣ идома кард. Аз 18 минтақаи Ироқ - Басра нӯҳумин вилояти ғанӣ аз нафти Ироқ аст, ки назорат бар вазъи амниятиаш аз дасти нирӯҳои эътилофии таҳти раҳбарии Амрико ба артиши миллӣ вогузор мешавад. Интиқоли масъулияти назорат бар Басра баъди панҷ соли ҳузури низомии нирӯҳои Бритониё дар ин минтақа сурат мегирад. Қарор аст, барои як муддати муваққат нирӯҳои бритониёйӣ дар ҷануби Ироқ монда дар танҳо пойгоҳи ҳавойии воқеъ дар беруни Басра мустақар шаванд.