Раҳбарони аврупойӣ ба тавофуқ расиданд, ки ба вилояти ҷӯёи истиқлолияти Косово ҳайате иборат аз полис ва ғайринизомиёнро фиристанд. Дар ин бора ахиран баъди нишасте дар Бруссел изҳороте пахш шуд. Ҳайати бо исми "Ҳукумати қонун"-и марбут ба Иттиҳодияи Аврупо аз 2000 нафар иборат шуда дар зудтарин фурсат баъди дарёфти даъватномаи СММ ва ё мақомоти Косово ирсол хоҳад шуд. Нахуствазири Португалия Ҳосе Сократес гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо аломати рӯшан медиҳад, ки дар оянда ният дорад дар садри ҳама масоили Косово қарор бигирад.