Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки таркиши бомбае дар дохили мошин дар беруни қароргоҳи аслии полиси Кобул, 5 мулкиро ба ҳалокат расонида чанд афсари полисро маҷрӯҳ намуд. Сухангӯи вазорати дохилаи ин кишвар Земари Башарӣ гуфт, ки маводи мунфаҷира дар дохили як мошини борбар насб шуда буд.
"Мутори "Даяно", ки дар дохилаш маводи инфиҷорӣ ҷо ба ҷо шуда буд, бо чанд гулӯлаи рокет мунфаҷир гардид, ки дар натиҷа, чанд тан аз ҳамватанони мо ба шаҳодат расида ва ду тан аз полис ҳам захмӣ ҳастанд".
Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон ба дӯш гирифтанд.