Афзоиши додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои ЕврАзЭС

Ба иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Паҳнои иқтисодии АвруОсиё афзоиш ёфта, тайи моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ҳудуди 1 миллиарду 240 миллион долларро ташкил додааст. Бино ба хабари ҳамин манбаъ, дар байни кишварҳои узви ин Паҳно Тоҷикистон аз ҳама бештар бо Русия додугирифт кардааст ва мубодилаи мол байни ду кишвар тайи ин муддат беш аз 570 миллион долларро ташкил намудааст.