Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи сешанбе гуфт, Эрон бо фаъолиятҳои атомиаш барои суботи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Ҷорҷ Буш ҳамчунин аз давлати Эрон хост, то фаъолиятҳои ба гуфтаи вай пинҳонии атомиашро тавзеҳ диҳад. Дар ҳафтаи гузашта хадамоти ҷосусии Амрико дар як гузорише гуфтанд, ки Эрон дар чаҳор соли пеш барномаҳои сохти силоҳи атомиро муттавақиф кардааст. Ва дирӯз 11 декабр раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, эъмоли таҳримоти нави байналмилалӣ ба зидди кишвараш ғайриқонунӣ хоҳад буд. Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба хотири саркашии Эрон аз талаби муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ба зидди ин кишвар ду маротиба таҳрим эъмол кардааст.