Фардо қарор аст телевизиони мухолифини "Имедӣ" нашри барномаҳояшро дубора аз сар гирад. Раҳбари иҷроияи ин шабака Бидзина Батарашвилӣ имрӯз дар ин бора дар пойтахт, шаҳри Тифлис изҳорот дод. Телевизиони "Имедӣ" дар ҷараёни эътирозҳои зиддидавлатӣ моҳи гузашта аввал тафтиш ва баъдан баста шуд. Бунёдгузори ин телевизион Бадрӣ Патаркатсишвилӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 5 январ номзадии худро пешбарӣ кардааст.