Амрико аз Туркманистон тақозои озодиҳои бештар кард

Эрика Баркс Раглз, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико аз Туркманистон тақозо кард, ки дар самти пешбурди вазъи ҳуқуқуи башар гомҳои ҷиддӣ бардорад ва назоратро бар расонаҳои хабарӣ бекор кунад. Зимни суханрониаш шоми шанбе баъди мулоқот бо мақомоти Туркманистон ва фаъолони ҳуқуқи башар дар Ашқобод хонум Баркс Раглз ҳамчунин аз ҳукумати Туркманистон тақозо кард, ки ҳукмҳои маҳбусонеро, ки дар аҳди раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзов зиндонӣ шудаанд, бознигарӣ кунад. Раиси Ҷумҳурии кунунии Туркманистон Қарбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки дар кишвар чандин ислоҳотро пиёда хоҳад кард.