Имзои созишномаҳо миёни Душанбе ва Ашқобод

Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки миёни Туркманистон ва Тоҷикистон дар робита ба эҳёи иртиботи ҳавоиву заминӣ миёни ду кишвар созишнома ба имзо расид.
Ин созишнома дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ашқобод имзо шудааст. Чанд сол боз аст, ки миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод хатти сайри ҳавоӣ вуҷуд надорад ва интизор меравад дар оянда ширкатҳои ду кишвар парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Туркманистон ва баръаксро оғоз кунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз раиси ҷумҳури Туркманистон тақозо кардааст, дар роҳи таъмини кишвараш бо нерӯи барқ ва сӯзишвории нафтӣ дар фасли зимистон кӯмак расонад.