Екатерина Попова, раиси ҷамъияти русзабонҳои шаҳри Роғун ба радиои Озодӣ гуфт, феълан, муҳассилине, ки дар макотиби Роғун бо забони русӣ таҳсил мекунанд, аз фанҳои таърихи Тоҷикистон, ҷуғрофияи Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ барои макотиби русӣ китоби дарсӣ надоранд.
Вай гуфт, қаблан, аз китобҳое истифода мекардаанд, ки дар аҳди Шӯравӣ рӯи чопро дида буданд, аммо акнун ба иллати фарсудагии аз ҳад зиёд онҳо корношоям шудаанд. Ӯ гуфт, то ҳанӯз ба дархости чандинкаратаи онҳо Вазорати маориф посух надодааст. Аз ин рӯ, гуфт хонум Попова, адами китоби забони тоҷикӣ дар синфҳои макотиби русӣ раванди омӯзиши забони давлатиро барои русзабонҳо мушкил сохтааст.
Тавре ки ин масъули ҷамъияти русзабонҳо гуфт, баъди як нома ба унвони раисҷумҳури Русия дастрасии онҳо ба китобҳои русӣ беҳтар гардидааст.
Хонум Попова мегӯяд, айни замон дар Роғун ва рустоҳои гирду атрофи он беш аз 150 хонаводаи русзабон зиндагӣ мекунад. Бар ин илова, дар макотиби русӣ фарзандони мардуми маҳаллӣ низ таҳсил мекардаанд.