Чавес ба Лукашенко маводи сӯхт ваъда додааст

Президенти Венесуэла Ҳуго Чавес ваъда додааст, ки эҳтиёҷоти Беларус ба нафтро қонеъ хоҳад кард. Дар поёни аввалин сафари президенти Беларус Александр Лукашенко ба Венесуэла санаде дар мавриди ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар ба имзо расид.
Ҳамчунин Венесуэла ва Беларус мувофиқат кардаанд, ки барои истихроҷу коркарди нафту гази ин кишвар Амрикои Ҷанубӣ ширкатҳои муштарак танзим намоянд. Дар ҳоли ҳозир маводи сӯхти Беларус пурра аз Русия ворид мешавад.
Чавес мегӯяд, Вашингтон ва муттафиқонаш барғалат ӯ ва ҳамтои беларусиашро "диктатор" ном гузоштаанд.