Яаап Де Ҳуп Скеффер-Дабири Кулли паймони НАТО имруз изҳор дошт, ки паймони мазкур бар зидди ҳар гуна хатари нооромӣ қотеъона рафтор хоҳад кард, агар вилояти Косово истиқлоли худро эълон кунад. Аксарияти аҳолии Косоворо мардуми албанитабор ташкил медиҳанд ва он ба Сербистон шомил мешавад. Оқои Скеффер имруз дар маросими гушоиши мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои узви паймони НАТО дар Бруксел гуфт, интизор меравад, ки 26 кишвари узв шумораи нируҳои посдори сулҳи худро дар Косово дар ҳамин меъёр нигоҳ доранд.