Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, ҳеҷ шаҳодате дастрас нашудааст, ки Эрон замоне дар паи тавлиди силоҳи ҳаставӣ будааст.
Тибқи як гузориши нави хадамоти иктишофи миллии ИМА, ки ҳафтаи равон ба табъ расид, Эрон дар соли 2003-ум татбиқи барномаи тавлиди силоҳи атомиро мутаваққиф намудааст.
Имрӯз Лавров гуфт, Русия ҳеҷ шаҳодате надорад, ки пеш аз соли 2003-ум ҳам Эрон дар паи тавлиди силоҳи атомӣ буд.
Ба гуфти вазири корҳои хориҷии Русия ҳангоми баррасии имкони тавсеаи таҳрими Эрон дар Шӯрои Амнияти СММ гузориши хадамоти иктишофи миллии ИМА омили ҳалкунанда хоҳад буд. Бои шора ба саркашии Эрон аз қатъи ғанигардонии уран Шӯрои Амният ду дафъа болои Эрон таҳрим ҷорӣ намудааст.
Лавров меафзояд:
Лавров меафзояд:
"Вақти арзёбии имкони тасвиби қатъномаи нави Шӯрои Амният дар иртибот бо Эрон мо ҳамаи омилҳо ва аз ҷумла эътирофи ошкори ИМА дар мавриди вуҷуд надоштани барномаи тавлиди силоҳи атомии Эронро мадди назар мегирем."
Вазири корҳои хориҷии Русия илова кард, ки ҳафтаи ҷорӣ аснои мулоқот бо фиристодаи эронӣ президенти Русия Владимир Путин аз Ҷумҳурии исломӣ даъват кард, ки ғанигардонии уранро мутаваққиф кунад.
Вале имрӯз президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гузориши хадамоти иктишофи миллии ИМА-ро эъломияи пирӯзии Эрон номид.
Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ин санадро "аломати ҳушдордиҳанда" унвон дода, иброз доштааст, ки аҳли олам бояд даъвоҳои ҳаставии Теҳронро муроқибат намояд.