Дар интихоботи Русия озодии матбуот риоят нашуд

Нозири озодии матбуот дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Миклош Ҳарастӣ мегӯяд, дар ҷараёни интихоботи парламентии Русия Маскав ӯҳдадориҳояш дар мавриди озодии баёнро нодида гирифт.
Имрӯз Ҳарастӣ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров вохӯрда, ба ӯ як рӯйхати муфассали поймолшавии ҳуқуқи расонаҳо дар интихоботи парламентии 2-уми декабрро таслим намуд. Ҳарастӣ ба Лавров хотирнишон кард, ки Русия кафолати арзёбии озоду одилонаи интихобот дар воситаҳои ахбори умумро бар ӯҳда гирифта буд.
Ҳарастӣ ба вижа инҳисори телевизион аз ҷониби ҳизби ҳоким ва чанд ҳодисаи таъқиби рӯзноманигоронро ёдовар шуд.
Дар интихоботи парламентии Русия ҳизби президент Путин "Единая Россия" ё худ Русияи Воҳид пирӯзии назаррас ба даст овард. САҲА, Шӯрои аврупоӣ ва мамолики ғарбӣ интихоботи Русияро ноодилона мешуморанд.
Аммо президент Путин мегӯяд, пирӯзии ҳизби ҳоким баёнгари қонунии эътимоди мардум аст.