Сафари ғайримунтазираи Гейтс ба Кобул

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ғайримунтазира ба Афғонистон сафар кард, то натиҷаҳои мубориза бо ҷангҷӯёни Толиб ва Ал қоидаро арзёбӣ кунад. Роберт Гейтс зимни сафараш ба хабарнигорон гуфт, ки аз авҷ гирифтани ҳамалоту харобкориҳои тундравон, ки тайи ду соли ахир Афғонистон шоҳиди он шудааст, нигарон мебошад. Қарор аст, имрӯз Роберт Гейтс бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва фармондеҳони нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар дидору гуфтӯгу кунад.