Раъпурсии баҳсбарангез дар Венесуэла

Қарор аст имрӯз натиҷаҳои муқаддамоти раъйпурсии умумӣ дар Венесуела доир ба ислоҳи Қонуни Асосии ин кишвар эълом шавад. Тағйироти мазкурро раиси ҷумҳур Ҳуго Чавез пешниҳод кардааст, ки дар сурати пазируфта шудан аз тарафи мардум, маҳдудиятҳои давраҳои раёсати ҷумҳур ва мухторияти Бонки Миллии Венесуэла аз байн бурда мешавад. Ҳамчунин раиси ҷумҳур ҳақ пайдо мекунад, дар ҳолатҳои фавқуллода ба матбуот сензура ҷорӣ карда ва ҳамчунин моликияти хусусиро аз они давлат созад. Мухолифони Ҳуго Чавез мегӯянд, ки ӯ мехоҳад тамоми қудрат дар кишварро ба даст бигирад, вале Ҳуго Чавез мегӯяд, ки мехоҳад Венесуэларо ба як кишвари воқеан сотсиалистӣ табдил диҳад.