Зиндониёни фаластиниро озод мекунанд

Қарор аст, имрӯз Исроил 430 тан аз маҳбусони фаластиниро аз зиндон озод кунад. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ки аксарияти маҳбусон аъзои ҷиноҳи Фатҳи раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ҳастанд. Ба ақидаи шореҳон, ин иқдоми Исроил ба хотири таҳким бахшидани мавқеъи Фатҳ дар баробари ҷиноҳи рақиби он Ҳамос аст, ки ҳоло Навори Ғаззаро таҳти контрол дорад. Пештар аз ин, дар ҳафтаи гузашта Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ҳангоми конфронси сулҳ дар шаҳри Аннаполиси Амрико музокироти сулҳро оғоз карданд.