Дар Туркманистон ба ёди раиси ҷумҳури пешини кишвар Сафармурод Ниёзов медал ё нишони махсуси тиллоии иборат аз 32 алмос тавлид шуд. Ин нишон, ки номи расмияш “Нишони Туркманбошии бузург, нахустин раиси ҷумҳур Туркманистон” аст, фақат ба меҳмонони воломақоми хориҷӣ супурда хоҳад шуд.
Сафармурод Ниёзов расо як сол пеш, баъди беш аз 20 соли раҳбарии Туркманистон аз дунё даргузашт.