Бар асари як таркиш дар вилояти Вазиристони шимолии Покистон панҷ сарбози кишвар кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Воҳид Аршад, сухангӯи вазорати дифоъи Покистон гуфт, ки афроди мусаллаҳи ношинос ба корвони мошинҳои низомӣ дар як минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон ҳамла карданд. Ҷузъиёти дигари ҳодиса то ҳанӯз рушан нест.