Оғози мурофиаи додгоҳӣ барои бинои Маркази Сонмин

Имрӯз, дар Душанбе, мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи шикояти Идораи маорифи Душанбе аз болои Маркази Сонмин ном як ҷараёни масеҳӣ оғоз шуд.

Маркази Сонмин дар соли 1997 як биноеро, ки қаблан мактаби миёна будааст, аз ҳукумати шаҳр харидорӣ карда будааст. Ва ҳамакнун, Идораи маорифи шаҳр аз болои Маркази Сонмин ба додгоҳ шикоят бурда дархост кардааст, то ин бино боз гардонида шавад.

Дар ҳоли ҳозир, ин бино, ки дар маҳаллаи Бофанда қарор дорад, мақарри марказии Сонмин будааст. Маркази Сонмин аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ва аммо мурофиаи имрӯза бо сабаби ҳозир набудани намояндаи ҳукумати шаҳр то ба 6 декабр мавқуф гузошта шуд.