Афви Байнулмилал (Амнести Интернешeнл), як созмони мудофеи ҳуқуқи башар мақомоти Русияро дар таъқибҳои усулӣ дар пешорӯи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ айбдор ва озодшавии билофосилаи Гарри Каспаров, як раҳбари мухолифинро тақозо кард. Ин созмони мустақар дар Лондон гуфт, ки аз "беэътиноиҳои усулии" ҳуқуқи башар дар Русия дар остонаи интихоботи 2 декабр амиқан нигарон аст. Каспаров рӯзи 24 ноябр дар як тазоҳуроти мухолифин дар шаҳри Маскав боздошт ва дафъатан барои панҷ рӯз равонаи зиндон шуд.