Роҳи наҷоти ноболиғон аз дасти қочоқбарои афғон

Хадамоти махсуси Тоҷикистон тарҳи раҳосозии ноболиғонеро, ки аз сӯйи силоҳбадастони афғон гаравгон гирифта шудаанд, таҳия мекунад. Ахиран ду мактабхони тоҷик дар деҳаи Порвори ноҳияи марзии Шӯрообод, ки дар наздикиҳои марзи Афғонистон мавқеъ дорад, аз ҷониби як гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ дастгир шуда ва тибқи иттилоъи мақомоти интизомии Тоҷикистон, онҳо феълан дар Афғонистон дар асорат ба сар мебаранд. Ин дар ҳолест, ки мақомот иқрор мекунанд, ҳодисаҳои гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавзеъҳои марзӣ ба истилоҳ «нодир» нест ва тайи чанд соли ахир зиёд ба мушоҳида расидааст.