Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз дар шаҳри Мадрид бо ҳамтоёни худ масъалаи ислоҳот дар кори Созмони Амнияту ҳамкории Аврупоро баррасӣ мекунад. Иштирокдорони 15-умин нишасти Шӯрои вузарои хориҷаи кишварҳои узви ин Созмон тайи ду рӯзи оянда ҳамчунин пиромуни роҳҳои мубориза бо терроризм, қочоқи инсон, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва анвоъи мухталифи хушунат табодули назар мекунанд. Қарор аст дар ҷараёни ин ҳамоиш як идда санадҳои байналмилалӣ низ ба тасвиб расанд.