Аннаполис - оғози давраи нави музокироти сулҳ

Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш, нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос дар Аннаполис, 27 ноябри 2007

Конфронси сулҳи Ховари Миёна дар шаҳри Аннаполиси Амрико бо ваъдаҳои Исроил ва Фаластин барои талошҳои ҷустуҷӯи роҳҳои хатми низоъ дар минтақа поён ёфт.

Кондализа Райс, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, гуфт, ин нишаст собит кард, ки имкони воқеъии сулҳу субот дар Ховари Миёна мавҷуд аст. Ба гуфтаи хонум Райс “сулҳи миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Иёлоти Муттаҳида аст. Имрӯз мо имкони воқеъӣ дорем, ки ба пешрафт муваффақ шавем. Ин барои фардои мусолиматомези Ховари Миёнаи озод чун обу ҳаво зарур аст ва касе ба шикаст дар ин роҳ бовар надорад. Мо муваффақ хоҳем шуд. Ҷонибҳо то куҷо ҷиддӣ будани ҳадафҳои худ ва омодагӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳояшонро намоиш доданд”.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Иёлоти Муттаҳида ва гурӯҳи бузурги кишварҳои араб бори дигар ҳама нерӯи худро барои хатми яке аз тулонитарин низоъҳо дар Ховари Миёна равона карданд. Ва яке аз омилҳои таҳрикдиҳанда, ба гуфтаи онҳо, нигаронии кишварҳои арабӣ аз густариши низоъи миёни Исроилу Фаластин ва ба афзоиши ифротгароӣ дар сартосари Ховари Миёна мусоидат кардани он буд. Саъуд Ал-Файсал, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ ва яке аз ширкаткунандагони нишасти Аннаполис, гуфт, рукуд дар раванди сулҳи Ховари Миёна афзоиши идеологияи ифротгароиро ба думбол дошт.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарони масоили минтақа, кишварҳои арабиро нигарониҳо аз тақвияти нерӯи Эрон дар Ховари Миёна ба нишасти Аннаполис овардааст. Дениэл Гиллерман, сафири Исроил дар Созмони Миллали Муттаҳид, низ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Ройтерс ба ин нукта ишора карда гуфт, он чӣ мо имрӯз дар Аннаполис мебинем, дар ҳақиқат пуштибонии арабҳо аз раванди сулҳ дар рӯ ба рӯи хатари воқеъӣ дар симои Эронро нишон медиҳад, ки раисҷумҳури васвосиву ёвагӯи он Ҳолокостро рад карда, худ як ҳолокости дигар омода мекунад.

Як мушовири ҳайати Фаластин дар музокироти Аннаполис, ки аз иброзу ному насабаш худдорӣ кардааст, ба нашрияи New York Times гуфт, арабҳо на ба он хотир ба ин ҷо омадаанд, ки яҳудиҳо ё ҳатто фаластиниҳоро дӯст медоранд, онҳо барои он омадаанд, ки ба як иттиҳоди стротежик бо Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон зарурат доранд. Бештари кишварҳои суннимазҳаби арабӣ аз он нигаронанд, ки кумаки Эрон ба шиъаҳои Ироқ нуфӯзи Теҳрон болои Бағдодро афзоиш хоҳад дод. Ҳамсояҳои Эрон, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, дар изтиробанд, ки болоравии нуфӯзи шиъаҳо дар Ироқ шиъамазҳабҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла худи Арабистони Саудиро ба талоши дарёфти қудрати сиёсӣ таҳрик медиҳад.

Мақомоти Эрон, ки ба конфронси Аннаполис даъват нашуда буданд, ин нишастро чун “таҳдиди ҷиддӣ ба манофеъи кишварҳои араб” арзёбӣ карданд. Дирӯз Ғулом Ҳусейн Илҳом, сухангӯи ҳукумати Эрон, аз кишварҳои арабӣ хост, ки ба созиш бо Исроил розӣ нашаванд, зеро ин созиш, ба гуфтаи ӯ, “кишварҳои арабро фақат бадном хоҳад кард”. Ҳамзамон Теҳрон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки Сурия – яке аз ҳампаймонҳои Эрон ва дигар аз пуштибонҳои «Ҳизбуллоҳ» низ дар нишасти Аннаполис ширкат дошт. Димишқ ташреҳ кард, ки ин тасмим баъди ба рӯзномаи нишаст ворид шудани мавзӯъи баргардонидани теппаҳои Ҳолан ба Сурия гирифта шудааст. Ахиран Эрон эълом дошт, ки дар наздиктарин фурсат нишасти 10 гурӯҳи мухталифи фаластиниро дар Теҳрон доир хоҳад кард. Ин гурӯҳҳо, ба гуфтаи мақомоти кишвар, воқеъан ҳам аз манфиатҳои Фаластин пуштибонӣ мекунанд.

Дар Аннаполис раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт тасмим гирифтанд, ки то охири соли 2008 тарҳи бунёди кишвари мустақили Фаластинро таҳия кунанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди моҳе ду бор доир кардани мулоқот ба мувофиқа расиданд.