Ба назари сиёсатшиносони тоҷик, ин қазия, ки таърихи тақрибан 60-сола дорад, бо гузашти солҳо боз ҳам амиқтар мешавад. Зеро, мегӯянд онҳо, ҳанӯз ҳам дар дохили ин кишварҳо нерӯҳои қавие дар муқобили ҳукуматҳои феълии Фаластину Исроил фаъол аст, ки сарфи назар кардани онҳо ғайри қобили тасаввур аст. Ва ҳамчунин дар баробари шурӯъи ҳамоиши Аннаполис яке аз раҳбарони гурӯҳи «Ҳамос» Исмоил Ҳания гуфтааст, ҳар гуна тавофуқеро, ки бар сари қазияи Ховари миёна дар Амрико ба даст меояд, эътироф нахоҳад кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва раҳбари Исроил Эҳуд Олмерт ба натоиҷи муваффақонаи ҳамоиши Аннаполис мутмаинанд. Ҳатто оқои Олмерт ҷиҳати анҷоми муваффақонаи ин ҳамоиш гузаштҳое кардааст.
Ва аммо бархе аз таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки гузаштҳои Исроил, раҳбарияти феълии Фаластинро қонеъ созад ҳам, аммо мардуми бумии ин сарзамин, ки огаҳ аз воқеиятҳои аслии таърихӣ ҳастанд, ба созиши раҳбарияти худ мувофиқат нахоҳанд кард ва дар атрофи нерӯҳои мухолифи ин ҳукумат муборизаҳоро идома медиҳанд.
Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси Маркази низоъшиносӣ ва таҳқиқоти минтақавии Душанбе, мегӯяд, дар гузашта низ барои ҳалли қазияи Ховари миёна аз сӯи абарқудраҳо пешниҳодоти зиёде сурат гирифта буд, аммо ба иллати мавриди назар қарор нагирифтани манофеъи ҳама ҷонибҳо номуваффақ ва ҳамчун як пешниҳод боқӣ мондааст.
Раҳматуллоҳ Абдуллоев мегӯяд, мутаасифона феълан дар Фаластин лидере ҳамчун раҳбари собиқи ин давлат Ёсир Арафот нест, ки аз пӯштибонии бештарин мардуми фаластин бархӯрдор бошад, ва ки ин садди роҳи наздишавии ҳалли қазия мегардад.
Аммо ин коршинос мутмаин аст, ки ҳалли қазияи Ховари миёна танҳо таъсиси давлатҳои Фаластин ва Исроил бо манзури манофеъи ҳар ду миллат дар минтақа аст, зеро ин марзҳо дар тӯли таърих маҳалли меросии миллатҳои арабу яҳуд будааст.
Нуралӣ Давлат, муаррих ва таҳлилгари тоҷик, муътақид аст, ки манофеъи абарқудратҳо дар Ховари миёна ин қазияро печидатар ва амиқтар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, аз оғози ин қазия, таъсиси давлати Исроил дар хоки Фаластин иқдомҳои абарқудратон бо иштибоҳҳо сурат гирифтааст. Ин таҳлилагари тоҷик ҳамчунин бар ин аст, ки назар ва иқдомҳои кишварҳои минтақа дар ҳалли қазия ва ё амиқтар шудани он хеле нақш дорад, ба вижа кишварҳои дигари арабӣ.
Аммо Мӯсо Асозода, коршиноси тоҷик, бовар дорад, ки дар ҳалли қазияи Фаластину Исроил дар баробари Амрико назари Русия нақши калидӣ хоҳад дошт, чунки дар дохили ин кишварҳо нерӯҳое мутмаин ба кумаки Русия фаъоланд ва аз ин кишвар дар ҳалли қазия интизороти зиёд доранд.