Шурӯи музокироти Фаластину Исроил дар Кохи Сафед

Раҳбарони Исроилу Фаластин ба тавофуқ расиданд, ки ба хотири ҳимоят аз созишномаи сулҳе, ки то охири соли 2008 ташкили давлати мустақили Фаластинро дар назар мегирад, имрӯз музокиротро шурӯъ кунанд. Вазири умури хориҷаи Амрико Кандализа Райс гуфт, нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос имрӯз ҳамроҳ дар Кохи Сафед мулоқот мекунанад ва раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ба ин мулоқот ҳусни оғоз мебахшад. Қабл аз ин, дар ҷараёни конфронси сулҳи Аннаполис дар аёлати Мериланд Буш тааҳҳуд намуд, ки то замони хатми мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш дар моҳи январи соли 2009 дар самти ташкили давлати мустақил, демократӣ ва зистпазири Фаластин гом хоҳад бардошт. Аммо бо вуҷуди ин, вай гуфт, эътироф мекунад, ки ин роҳ хеле душвор хоҳад буд.

"Масъалае, ки дар нишасти Аннаполис гузошта шуд, мушкил хоҳад буд. Ин оғози ҷараён аст, анҷом нест. Ҷои шубҳа нест, ки кори зиёде бояд ба сомон расад. Ҷонибҳо бояд ба ин кор боэътиқод муносибат кунанд. Фурсат муносиб аст. Ман медонам, ки бо талоши зиёд онҳо ба соҳили мурод мерасанд".

Дар нишасте, ки дар сохтмони Академияи баҳрии Аннаполис рӯзи 27 ноябр ҷараён гирифт, дипломатҳои 40 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.